Дар Душанбе Анҷумани V маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 16 кишвари дунё Анҷумани V маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, аз 12 то 15 августи соли равон  дар Тоҷикистон  Анҷумани V маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад. 

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, дар кори Анҷуман  роҳбарони намояндагии маҳфил дар давлатҳои хориҷ, аъзои он  ва дигар масъулини соҳа иштирок хоҳанд кард.

Ибтикори “Созандагони Ватан” барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир шумораи аъзои маҳфил ба беш аз 30 ҳазор нафар расида,  бо мақсади натиҷагирии фаъолияти кори он ҳамасола  дар ҷумҳурӣ анҷумани маҳфил баргузор мегардад.  Имсол  дар кори анҷуман намояндагони 16 давлати дунё иштирок намуда, фаъолияти солонаи маҳфилро баррасӣ менамоянд.

Ҳамзамон дар доираи баргузории он  ташкили  як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла конфронс, мизи мудаввар, тренинг ва машғулиятҳои омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.

Анҷумани V маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” 12 августи соли равон дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар шаҳру навоҳии мамлакат то 15 август идома меёбад. Дар доираи баргузории он иштирокчиён метавонанд аз ноҳияи Айнӣ, шаҳри  Панҷакент, Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд дидан намоянд.

Ёдрас мешавем, ки маҳфили  “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” соли 2014 бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонии ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ва баррасии мушкилоти онҳо  таъсис ёфтааст.  То   имрӯз намояндагии маҳфил дар 16 давлат фаъолияти худро ба роҳ монда,  он дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат  барои баррасии мушкилоти илмомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва дигар масъалаҳои ба ҳаёти онҳо марбут мусоидат менамояд.