Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: аз таъини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ то барканории Одиназода Назар

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон,  Одиназода Назар Санг бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.

Ҳамчунин, бо қарори дигар Саидмуродзода Абдусамади Абдуваҳоб низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон озод шуд.

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард

Бо қарори дигари Ҳукумат, Муминзод Абдулмаҷид Мубин аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон озод шуда, ба вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон сардорони зиндонҳоро таъйин кард

Президенти кишвар Музаффарзода Дилшод Музаффарро муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Мусозода Зайдуллоро ба вазифаи муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин кард.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон мансабдорони мақомоти судиро ҷо ба ҷо кард

Инчунин, бо фармони раисиҷумҳур, сафири Тоҷикистон дар Олмон, Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо ҳамзамон сафири кишвар дар Полша таъин карда шуд.