Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз вазъи марз бо Қирғизистон гуфт

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вазъи сарҳади ноҳияи мазкурро бо Қирғизистон шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Назирӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар бораи вазъи марзи миёни ноҳияи Б. Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон суҳбат карда, гуфт, аз ду ҷониб масъалаҳои обёрии заминҳо ва таъмири роҳро ҳал кардаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард

Ӯ афзуд, ки ҳоло ба сохтмони як купруки муштарак дар сарҳад оғоз кардаанд ва мушкиле дар марз бо қирғизҳо надоранд.

“Ҳоло якҷо бо онҳо сари азнавсозии як купруки наздимарзӣ кор карда истодаем. Аз ин купрук ҳамарӯза ҳудуди ҳазор нафар аз ду ҷониб мардум мегузаранд. Барои азнавсозии купрук, плитаҳои сементӣ аз ҳисоби қирғизҳо дастрас шуда, дигар масолеҳи сохтмониро мо дастрас мекунем”, - гуфт Назирӣ.

Ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров дар марз бо ҷамоати Қулундии ноҳияи Лайлак қарор дошта, маҳаллаҳои ин ҷамоатҳо умдатан аз роҳҳои ягонаи байнисарҳадӣ убур мешаванд.

Варзишгоҳи мактаби таҳсилоти умумии № 8-и ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар наздикии марз бо Лайлаки қирғизҳо ҷойгир аст. Вале вақтҳои охир марзбонони қирғиз монеи баргузории дарсҳои таълимии мактаббачаҳо дар ин варзишгоҳ шуда, онро ҳудуди кишвари худ мешуморанд.

Задухӯрди милисаҳои қирғиз бо сокинони кишварашон дар марз бо Тоҷикистон

Дар посух ба суоли хабарнигорон нисбати монеъгузории қирғизҳо аз истифодаи ин варзишгоҳи наздимарзӣ барои сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъача раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки “ҳудуде, ки делимитатсия ва демаркатсия нашудааст,  худсарона ишғол намудани он мумкин нест”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳудуди 980 километр марзи муштарак дорад, ки то ба ҳол беш аз 500 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудаанд. Навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон асосан ба вилояти Суғд рост меояд.

Исфара ва ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Ҷ. Расулови Суғд  аз  шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон ба ҳисоб мераванд.

Ба иттилои Зариф Назирӣ, ноҳияи Б. Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад буда, ҳудуди 34 километр марзи муштарак дорад, вале то кунун хатти марз барои ин ду ноҳия мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст, ки гоҳе ин мушкил ба муноқишаву танишҳои марзӣ боис шудааст.