Парвандаи ҷиноии Мираков, мансабдори “Барқи тоҷик”: 96% пули барқро аз худ кардаст

Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза фасоди Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Сайҷамол Мираков, мақомдори “Барқи тоҷик” хабар додааст, ки ҳамагӣ 4 фоизи пули ҳаққи барқро ба давлат медодасту боқимондаро аз худ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Мираков, муовини сардори “Шабакаҳои барқии ноҳияи Рудакӣ” Сайҷамол Мираков аз санаи 15 октябри соли 2018 ва 11 декабри соли 2018 дар ду ҳолат аз шахсони масъули ҶДММ “Мавлонои Румӣ” маблағи умумии 152000 сомонӣ ҳаққи истифодаи қувваи барқро қабул намудааст.

Ҳар моҳ 350-400 сомонӣ пули барқ месупорам: муроҷиатномаи декани донишгоҳ

Манбаъ афзуд, ки Мираков сипас тавассути мошинаи хотираи фискалӣ ба намояндагони ширкати “Мавлонои Румӣ” расидҳои пардохт пешниҳод намудааст, вале ба давлат ҳамагӣ камтар аз 4 дарсади онро дода, боқимондаро аз худ намудааст.

“Мираков аз маблағи умумии 152000 сомонии ба таври нақди гирифта, 5915 сомониро ба бонк пардохт намуда, боқимонда 146 ҳазору 85 сомониро ба манфиати шахсиаш истифода намуда, ба ҶСК “Шабакаҳои барқии ноҳияи Рӯдакӣ” ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонид”, - омадааст дар иттилоияи Ожонси зидди фасод.

Манбаъ таъкид кардааст, ки вобаста ба ин ҳолат нисбати Мираков бар асоси моддаи моддаи 245 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ, барои азонихудкунӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки феълан “Барқи тоҷик” бо қарзи беш аз 20 миллиард сомонӣ калонтарин ширкати қарздор дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки барои беҳбуди вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” нархи барқро барои ҳамаи истеъмолкунандагон, ба истиснои корхонаи алюминий - “Талко” боло бурдааст.