КҲФ: аз Сирдарё се ҷавон берун оварда шуданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷот додани боз се шаҳрванди дигар аснои дар об ғарқ шудан, хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Боз се шаҳрванд – ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва як истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд,аз ғарқшавӣ дар рӯди Сир наҷот дода шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

КҲФ: то 9 июли соли равон 28 ноболиғ ғарқ шудааст

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон дар мавзеи манъшуда оббозӣ карда, ба гирдоб афтиданд.

Дар дарёи Душанбе боз як ҷавони дигари 18- сола ғарқ шуд-навор

Гуфта мешавад шаҳрвандони дар ҳоли ғарқшавиро наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ки ҳамарӯза ба гаштзании соҳилҳои дарё машғуланд, сари вақт аз дарё берун оварданд.

Зимнан  Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ғарқ шудани 64 нафар аз авоили саршавии мавсими шиноварӣ дар  кишвар хабар медиҳад.

Дар Тоҷикистон аз оғози тобистон аллакай 64 нафар ғарқ шудаст

Бар тибқи иттилои манбаъ, аз миёни 64 нафари дар об ғарқ шуда, 28 нафари онҳо то 16-сола буда, синни 36 тани дигар болотар аз 17 сола мебошад.

Кумита бори дигар аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ҳангоми оббозӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар наздикии ҳавзу дарёҳоро ба инобат  гиранд.

Наҷотдиҳандагон дар Суғд се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кумитаи мазкур аз тоҷикистониён хоҳиш мекунад, ки ба кӯдакон таваҷҷуҳи махсус диҳанд ва онҳоро бе назорат намонанд.