Барқкушӣ: имрӯз боз кадом кӯчаҳои Душанбе бе барқ мемонанд?

Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мешавад.

Даҳ кӯчаву шаш маҳаллаи шаҳри Душанбе имрӯз бебарқ мемонанд

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, навоиҳии Навобод, Ҳисорак, Ободкорон ва кӯчаҳои Пӯлодӣ, Пушкин, Турсунзода, Гастелло, Матросова, С. Айни, Зубунисо, А.Ҷомӣ ва  Р. Набиева, қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Ду ноҳияи Душанбе бебарқ мемонанд

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондода пайваст карда мешавад.

Имрӯз боз дар се ноҳияи шаҳри Душанбе сокинон бебарқ мемонанд

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Барқкушӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо ва чанд соат бебарқ мемонанд?