Тайи шаш моҳ 604,2 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карданд

Аз 6,4 ҳазор хориҷиёни ба Тоҷикистон сафар намуда 524,8 ҳазор, ё 86,9 дарсади меҳмонони бо ҳадафҳои хусусӣ ва ҳамагӣ 3,9 дарсад, ё 23,7 ҳазор ҳамчун гардишгар вориди кишвар шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ 604,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

"Қалъаи Хуҷанд"-ро бештар аз 1200 гардишгар боздид кардаанд

Манбаъ афзудааст, ки 524,8 ҳазор, ё 86,9 дарсади меҳмонони хориҷӣ бо ҳадафи хусусӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ҳамчунин 3,9 дарсад, ё 23,7 ҳазор тан аз ин меҳмонон гардишгарон буданд

Ёдовар мешавем, ки Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси кумитаи рушди сайёҳии кишар дар поёни моҳи апрел ба намояндагони маҷлиси пойини кишвар гуфта буд, ки дар нахустин семоҳаи сол 215 ҳазор хориҷӣ бо ҳадафи гардишгарӣ ба Тоҷикистон омада буданд.

Бар асоси додаҳои ожонси омор, дар нахустин семоҳаи сол дар кишвар 133 ширкати гардишгарӣ фаъолият карданд.

Дар Тоҷикистон 168 меҳмонхона, аз ҷумла, 5 меҳмонхонаи панҷситора, 14-то чорситора, 24-то сеситора ва 7-то дуситора фаъолият доранд.