Муҳаммадзода ба ҳоҷиён: ҳангоми ҳаҷ расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро фаромӯш накунед

Ахиран Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони шаҳр, ки имсол барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар мегарданд мулоқот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни мулоқот аз зоирин даъват кард, ки, ки зимни сафари ҳаҷ расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷикро фаромӯш насозанд, зеро дар Арабистони Саудӣ халқи тоҷик эҳтироми хос доранд.

Давлатзода ба гурӯҳи нахустин зоирини озими ҳаҷ: дар Макка боодоб бошед

“Мо бояд ин эҳтиромро набояд коста гардонем. Зимнан ҳар кадоме аз зоирин баъди бозгашт ба Ватан ба зиёдаравию худнамоишдиҳӣ машғул нагарданд, бештар дар дар тарбияи ҷавонон, ваҳдати мазҳабӣ, пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб саҳмгузор бошанд, зеро шарафёб гаштан ба унвони ҳоҷӣ- ин, пеш аз ҳама, масъулият аст, на мояи ифтихорист”, - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои 20 ходими хидматнишондода квотаи Ҳаҷ ҷудо кард

Вай инчунин зикр кард, ки ашхосе агар иқтидор дошта бошанд, дар ободии маҳалли зисташон ва ё шаҳр саҳмгузорӣ намоянд.

Хоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилоят зимни суханрониаш таъкид доштааст, ки сафари анҷомдиҳандаи зоирин, сафари тиҷоратӣ ё сайёҳӣ нест, он сафари ибодатӣ аст, ки ба ҳар як инсон дар умри хеш ба он як маротиба мушарраф мегардад.

Хоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода нихз таъкид кард, ки одобу русуми тоҷикиро дар замони сафар риоят намоянд.

Худнамоӣ ва ё эътиқод: мақсади ҳаҷ бо чунин хароҷоти калон дар чист?

“Одоб аз фурӯдгоҳ оғоз мешавад. Мо бояд босабру таҳаммул ва эҳтироми занону куҳансолон сафарамонро ба анҷом расонем. Овози баланд, бегонапарастӣ, ҷамъоварии ҳаргуна молу ашё ва дигар амалҳои бегона мазмуни сафари ҳаҷро коста мегардонад. Мо бояд ба арзишҳои миллӣ, ватану ватандорӣ эҳтиром гузорем. Баъди бозгашт ба Ватан низ тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар амал намоем”, - афзуд руҳонии вилоят.

Дар ҳамин ҳол, зимни мулоқот зоирин қайд намуданд, ки сол аз сол сафарбаркунӣ ва ташкили шароит барои зоирин беҳтар шуда истодааст

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҳаҷи имсола аз шаҳри Хуҷанд 92 нафар зоирин бо роҳбаладии 3 нафар ба Арабистони Саудӣ сафарбар хоҳанд шуд.