ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки чанд намояндаи ин созмон расман тариқи хаттӣ муроҷиат карда, бо изҳори пушаймонӣ хостори бозбинии қарори Суди Олӣ дар бораи “Гуруҳи 24” шуданд.
Раиси Додгоҳи олӣ тавзеҳ дод, ки зимни баррасии муроҷиат маълум шуд, ки мавқеи муроҷиаткунандагон хилофи мавқеи аъзои дигари ин созмони мамнуъ мебошад. Ба гуфтаи Шоҳиён аъзои дигари гуруҳ изҳор доштаанд, ки мавқеи худро дигар карданӣ нестанд ва фикру аҳдофи худро тағйир намедиҳанд.
Ӯ афзуд, ки дар пайи баррасии муроҷиати мазкур розӣ расман ба муроҷиаткунандагон посухи хаттии рад дода шуд ва феълан ҳеч далел, ҳеч ҳолати наву истисноӣ барои бозбинӣ кардани қарори Суди Олӣ дар бораи экстремистӣ эълон кардани созмони “Гуруҳи 24” нест.
Дар маҷмуъ Шоҳиён таъкид кард, ки дар Тоҷикистон феҳрасти созмонҳои мамнуи экстремистию террористӣ дар қиёс бо кишварҳои дигари шӯравӣ, аз ҷумла Русия хеле кам мебошад.