Мошин бо 10 литр бензин 100 км мегашт, ҳозир 70 км: шарҳи раиси “Тоҷикстандарт”

Қудрат Давлатзода, раиси Ожонси “Тоҷикстандарт” иддао, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ фиребкорӣ ҷой дораду мошинҳо бо 10 литр бензин ба ҷои 100 километри қаблӣ ҳозир ҳамагӣ 60-70 километр мегарданд, шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба иддаои бархе аз ронандаҳо, ки дастгоҳи фурӯши сӯзишворӣ мизоҷонро фиреб медиҳанд, изҳор дошт, ки мунтазам дар НФС-ҳо санҷиш мегузаронанд.

Аз нозирот ба идоранишинӣ: ҷазои мақомдорони “Тоҷикстандарт” баъди шикояти соҳибкорон

Ӯ дар мавриди изҳороти маъмул, ки мошин пештар бо 10 литр масофаи зиёдро тай мекарду ҳозир кам, гуфт, ин метавонад натиҷаи куҳнашавии мошин бошад. Мошин ҳар қадаре куҳна бошад, ҳамон қадар хароҷоташ зиёд мешавад, тавзеҳ дод раиси “Тоҷикстандарт”.

Давлатзода эътироф кард, ки дар маҷмуъ камбудиҳо ҷой доранд ва масъулини ниҳоди тобеяш дар шаш моҳ як бор НФС-ҳоро аз санҷиш мегузаронанд. Ӯ таъкид намуд, ки тибқи нақшаҳои тасдиқшуда масъулини “Тоҷикстандарт” ҳақ надоранд, беш аз як маротиба дар шаш моҳ нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхтро аз санҷиш гузаронанд ва уҳдадоранд, ки 5 рӯз қабл аз санҷиш масъулини нуқтаҳоро аз санҷиш огоҳ намоянд.

Раиси “Тоҷикстандарт” дар оғози нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод, ки шӯъбаи иттилооти ниҳоди тобеяш ба шӯъбаи иттилоот ва иртибот бо ҷомеа тағйири ном карда, минбаъд ҳамкорӣ бо ҷомеаро таҳким мебахшад. 

Раиси “Тоҷикстандарт” гуфт, кори масъулини ин ниҳод бе ҳамкорӣ ва иртибот бо ҷомеа натиҷаи хуб намедиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки густариши иртибот бо ҷомеа ва мулоқотҳо бо соҳибкорон аллакай натиҷа дода, танҳо нимсолаи аввали соли равон даҳҳо ширкат барои нобуд кардани маҳсулоти муҳлаташ гузашта ба “Тоҷикстандарт” муроҷиат кардаанд.