Манзараҳои кураи замин, ки шабеҳи моҳтобанд: моҳ аз дохили хона

Sputnik

20 июли соли 1969 кайҳоннаварди амрикоӣ Нил Армстронг, қадамҳои аввали худро рӯи моҳтоб гузошт. Ҳамон лаҳзаҳо миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дар рӯ ба рӯи телевизорҳо нишаста аз манзараҳои сиёҳ сафеди моҳтоб бо диққат тамошо мекарданд.

Аммо пас аз басташавии барномаи “Аполон” пои инсон ба моҳтоб гузошта нашудааст.

Олимон бархӯрди замин бо астероидро пешгӯӣ карданд

Аммо ҳоло инсон ба воситаи телескопҳои гуногун сангу чуқуриҳои Моҳро бубинанду биозӯзанд. Аз кураи  Замин, фақат як тарафи Моҳтобро дидан мумкин аст.

Зами́н — яке аз сайёраҳои манзумаи Офтоб аст, ки  аз рӯи масофа то Офтоб сев­вумин ва аз рӯи ҳаҷм панҷумин сайёра дар миёни сай­ёраҳои манзумаи Офтоб ба ҳисоб меравад. Фарқи асосии Замин аз дигар сайёраҳои манзумаи Офтоб мавҷудияти ҳаёт дар он аст.

Sputnik Тоҷикистон барои хонандаҳо гузориши аксие, омода намудааст, ки дар кураи Замин манзараҳои шабеҳи Моҳтоб дида мешавад. 

1 / 10
Кӯҳи Ванту дар Фаронса. Кӯҳи Ванту яке аз кӯҳҳои ноҳияи Прованс дар Фаронса аст. Ванту дар забони фаронсавӣ ба маънои бодӣ аст ва ин ном ба далели бодхез будани кӯҳ ба он дода шудааст.
2 / 10
Кавири Те-Пиннаклс дар Австралиия. Дар ҳақиқат ин манзара ба аксҳое, ки дар моҳтоб гирифтанд шабоҳат дорад.
3 / 10
Паҳнкӯҳи Алтиплано дар Анда. ин манзараи шабеҳ ба моҳтоб, як бахши кӯҳҳои Анд аст, ки дар ғарби миёна амрикои ҷанубӣ қарор дорад
4 / 10
Боғи миллии Тонгариро дар Зеландияи нав.
5 / 10
Болун болои Каппадокияи Туркия. Каппадокия номи сарзамини паҳноваре дар Туркия аст
6 / 10
Сайёҳ дар кавири Валде-де-ла-Моҳ дар шимоли Чили
7 / 10
Боғи Гоблин-Вали дар иолоти Ютаи Амрико
8 / 10
Кавири сафед дар Миср
9 / 10
Манзараҳои моҳтобӣ дар Намбия
10 / 10
манзараи машҳури сайёҳӣ Барденас-Реалес дар вилояти Наварраи Испония