Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ амалӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паи натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ, раисони якқатор навоҳии вилояти Хатлонро барканор кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тағйироти кадрӣ дар паи ошкор шудани як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят амалӣ шудааст.

"Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо роҳбарони кордону масъулиятшинос ва дорои нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ таъин гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

Супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок: Раҳмон гуфт аз раҳбарони нав чӣ мехоҳад

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона,  вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлол даъват намудааст.

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард

Бо 3 фармон ва 5 қарор: Раҳмон масъулини Ожонси фасодро ҷо ба ҷо кард