Бо 22 фармон: Эмомалӣ Раҳмон 11 раиси нав таъин кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 22 июл бо имзои 22 фармон раисони пешини навоҳии вилояти Хатлонро аз вазифа озод ва кадрҳои навро ба ин симматҳо тайин кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод гардид.

Раисиҷумҳур фармон додааст, ки Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард

Ҳамчунин, Ҷабборӣ Ғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон озод шуда,
Вализода Икромиддин Сироҷиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон таъин гардид.

Бо фармони дигари раисиҷумҳур Шарбатулло Азизулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон озод гардида, Юсупов Қурбоналӣ Қувватович иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таъин шуд.

Ҳамин тавр, раисиҷумҳур Амирбеки Темурро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда, Саидзода Ҷамшед Ҳамро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин намуд.

Аминзода Фотеҳи Файзулло бо фармони раисиҷумҳур, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон озод шуда, Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъин гардид.

Бо 22 фармон: Эмомалӣ Раҳмон 11 раиси нав таъин кард

Бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод гардида, Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин шуд.

Супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок: Раҳмон гуфт аз раҳбарони нав чӣ мехоҳад

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон озод гардида, Ҷаббори Ғаффор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон таъин гардид.

Садриддинзода Нуриддин Талбак бо фаромни раисиҷумҳур, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон озод шуду Нишонзода Даврон Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон таъин шуд.

Ҳамчунин, Ғафурзода Мусо Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон озод карда шуда, Шарбатулло Азизулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъин гардид.

Бо фармони дигари раисиҷумҳур, Аслзода Эмомиддин Муҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон озод шуда, Аминзода Фотеҳи Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин шуд.

Ҳамчунин Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор озод шуду, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардид.