ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки дар назди биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе бунёди танӯри нонпазӣ ба манзараи пойтахти кишвар мувофиқ набудааст.
Вай афзуд, аз сӯи дигар истифодаи ангишту ҳезум барои пухтани нон ба вазъи экологии шаҳр низ таъсири манфӣ мегузорад.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон қайд намуд, ки чунин мамнӯъият ба шаҳраку марказҳои ноҳияҳо рабте надорад ва дар он ҷо аз рӯи макети ин кумита бунёди танӯрҳои нонпазӣ иҷозат аст.
Ҷамшед Аҳмадзода, ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ, далели манъи бунёди айвон ё балконҳои кушод дар биноҳои бисёрошёнаро шарҳ дод.
Ба гуфтаи вай, маъмулан сокинони биноҳои баландошёна дар айвонҳои худ либоси шустаро овезон мекунанд, ки ба табиати пойтахт созгор нест.
Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳоло дар назди биноҳои баландошёна майдончаҳову боғҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, ки сокинони биноҳои баландошёна метавонанд дастҷамъона дар ҳавои тоза истироҳат кунанд.