Раисони Суди Олӣ, “Тоҷикстандарт” ва “Тоҷиксуғурта” ҳисобот медиҳанд

Чор ниҳоди давлатии Тоҷикистон рӯзи 22 июл аз фаъолияти шашмоҳаашон ба рӯзноманигорон гузориш медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар назар аст, ки роҳбарияти Суди Олӣ, Маркази миллии қонунгузории назди раисиҷумҳур, Ожонси “Тоҷикстандарт” ва КВД “Тоҷиксуғурта” рӯзи 22 июл нишасти матбуотӣ баргузор кунанд.

Нишасти Ожонси “Тоҷикстандарт” соати 09:00 дар маҷлисгоҳи дафтари марказии ин ниҳод дар назар аст, хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” соати 11:00  дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ  “Ховар” баргузор мешавад.

Роҳбарияти Суди Олӣ аз ҷамъбасти нимсола соати 14:00 бо намояндагони ВАО дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии “Ховар” ҳисобот медиҳад. Маркази миллии қонунгузорӣ нишасташро соати 14:00 дар маҷлисгоҳи маркази мазкур доир менамояд.

Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 июл то 2 август вазирон ва раисони дигари идораҳои давлатӣ аз ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ба рӯзноманигорон гузориш медиҳанд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволҳояшон ҷавоб гиранд.