Баррасии ифтитоҳи дафтари “КОICA” дар Душанбе

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва садои Тоҷикистон бо Пак Джешин, ноиби президенти Ожонси Корея дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ – “KOICA” ҷаноби Пак Джешин густариши ҳамкориро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, ҷонибҳо густариши ҳамкории судманд байни Вазорат ва Агентӣ, таъсис додани Дафтари KOICA дар шаҳри Душанбе, бастани Созишнома ва амалисозии лоиҳаҳо, ба курсҳои омӯзишии KOICA фаро гирифтани мутахассисони ҷавон ва роҳандозии барномаҳои дигари таълимиро баррасӣ карданд.

Раҳмон бо сарвазири Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд

Манбаъ афзуд, ки мусоидат барои дар амал татбиқ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти дуҷониба буд.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки Ли Нак Ён, сарвазири Кореяи ҷанубӣ ҳафтаи равон бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт.

Қаблан хабар дода шуд, ки шаҳрдори Душанбе, Рустам Эмомалӣ ва сарвазири Куриё Ли Нак Ён дар бораи бародаршаҳрии Душанбе ва Сеул ба мувофиқа расиданд

Бино ба гузориши дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, дар  вохӯрии ҷонибҳо, масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати Корея дар соҳаҳои гуногун мавриди музокирот қарор гирифт.

"Ҷонибҳо  зимни баррасии масоили  ҳамкорӣ  ба ташкили корхонаҳои муштараки барои ҳар ду ҷониб муфид, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, технологияи ҳозиразамон, саноати сабук ва дигар самтҳо  ҳавасмандӣ зоҳир намуданд" - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гардид, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва  Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад.