Дар ноҳияи Ҳамадонӣ дузди дучарха дастгир шуд

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе марди 45- солаи ноҳияи Ҳамадониро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи пойтахт мардеро дастгир намуданд, ки аз мағозаи соҳибкор дар ҳамин ноҳия як адад дучарха дуздида буд.

Се ноболиғ барои дуздӣ дастгир шуданд

 Манбаъ хабар медиҳад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ марди 25-солаи сокини ҳамин ноҳия, соҳибкори инфиродӣ,  муроҷиат намудаст,ки  рӯзи 18-уми июли соли равон,тахминан соати 14:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба мағозаи хусусиаш, воқеъ дар бозори марказии ноҳия ворид шуда, аз он ҷо 1-адад дучархаи тамғаи "Стелс"-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба гуфтаи ин соҳибкор арзиши дучарха 3 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад. 

Телефонро маҷбурӣ гирифту ғайб зад, гумонбари дуздӣ дастгир шудааст

Зимнан аснои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини деҳаи Сомониёни ноҳияи мазкур бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар вақти намозхонӣ ба дуздӣ машғул мешудааст: боздошти дузди чолок дар Хуҷанд

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз руйи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.