Зеленский вазири дифоъро тела дод - видео : шарҳи котиботи президент

Котиботи президенти Украина мегӯяд, ҳодиса ба тавре, ки дар навор аст, набудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский вазири дифоъи ин кишвар Степан Полтаракро, зимни намоиши низомӣ тела дод.

Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Сабабҳои чунин рафтори президенти Украина гуфта нашудааст.

Аввал Зеленский бо Дабири идора Руслан Хомчак, муовини раиси дастгоҳи президент Руслан Рябошапка ва як марди дигар суҳбат мекунад.

Чанд лаҳза пас президент, тоб хурда вазири дифоъ, Полторакро, ки ба ӯ наздик мешуд, тела дод.

Рафтори "номуносиб"- и Владимир Зеленский ба навор афтод - видео

Рябошапка ин ҳодисаро шарҳ дода гуфтааст, ки президент вазирро тела надодааст, балки аз ӯ хоҳиш кардааст, ки нимароҳ шавад.