Баҳои баланди доварони рус ба ҳунари наврасони тоҷик - акс

Доварони озмун ба ҳунару истеъдоди наврасони тоҷик аҳсан хонданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Мактаббачагони тоҷик дар Ҷашнвораи Русия соҳиби диплом шуданд.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба гузориши манбаъ, хонандаи синфи 10-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев Мадина Шарипова ва хонандаи синфи 11-и муассисаи мазкур Манучеҳри Умедҷон дар Ҷашнвораи байналхалқии сарояндагони навраси сурудҳои халқӣ "Мавҷи Онега" ширкат карданд.

Баҳои баланди доварони рус ба ҳунари наврасони тоҷик - акс

"Наврасони тоҷик, байни иштироккунандагон аз 30 давлати дунё бо дипломи дараҷаи якум мушарраф гардиданд", - омадааст дар хабарнома. 

Гуфта мешавад, ки Ҷашнвораи мазкур дар Мактаби бачагонаи мусиқии рақами 1 ба номи Г. Синисалои шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелия баргузор гардида, доварони озмун ба ҳунару истеъдоди наврасони тоҷик, ки суруд ва оҳанги халқиро дар сатҳи баланд иҷро карда, санъати тоҷикро барои ҳамтоёни хориҷии худ ба таври шоиста муаррифӣ карданд, аҳсан хонданд.

Баҳои баланди доварони рус ба ҳунари наврасони тоҷик - акс

Инчунин ин ду навраси соҳибистеъдоди тоҷик рӯзҳои 3-5 июни соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург дар Фестивали байналхалқии эҷодиёти халқ "Деҳаи кӯдакӣ" иштирок карда, бо дипломи ҷашнвора мукофотонида шуданд.

Боиси зикр аст, ки Мадина Шарипова зодаи шаҳри Турсунзода буда, дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрада сазовори ҷои аввал гардидааст ва бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадр карда шудааст.