Аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед, чӣ гуна гӯсфандон шаҳри Порисро иҳота кардаанд.
Сабаби чаронидани гӯсфандон дар маркази шаҳр оддӣ будааст.
Ин як тарҳи Вазорати кишоварзии Фаронса аст, ки дар чорчӯби он ҳар моҳ чӯпонон гӯсфандони худро барои ҷустуҷӯи чароҳҳои нав ба шаҳр мебароранду дар навбати худ, мардуми шаҳр аз дидани гӯсфандон, бо табиат пайваста хастагияшонро рафъ мекунанд.
Гӯсфандон бо хоҳиши худ дар назди ин ё он иншооти шаҳрӣ - кафе, тарабхона, мағозаҳо ё боғҳои ҳайвонот истода алаф мехӯранду зиндагии маҳзуни шаҳрнишинонро гуворо мегардонанд.