Отамбоевро бори саввум барои бозпурсӣ даъват карданд

Собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев маротибаи саввум барои бозпурсӣ даъват шуд
Sputnik

БИШКЕК, 19 июл — Sputnik. Сомонаи Sputnik Қирғизистон бо такя ба хабари Вазорати умури дохилаи Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дигарбора ба бозпурсӣ даъват намуданд.

Алмосбек Отамбоев ба бозпурсӣ ҳозир нашуд

Бар хабари манбаъ, ин аллакай маротибаи саввум мешавад, ки Отамбоев аз ҷониби Вазорати умури дохила ба бозпурсӣ даъват мешавад.

Гуфта мешавад, кормандони пулис даъватномаро дирӯз ба манзили зисти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош бурда, ба раҳбари ситоди ҷонибдорӣ аз президенти пешини Қирғизистон Кияз Смаилов супурдаанд.

Зимнан Кундуз Жолдубаев яке аз ҷонибдорони Отамбоев изҳор намудаст, ки ҳукумат бо шумули 500 нафар низомиён амалиёти боздошти собиқ президентро ба нақша гирифтаанд. Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, амлиёти боздошт бояд баъд аз зӯҳри имрӯз доир шавад.

Отамбоев ба Жээнбеков: дӯстам, маро шарманда накун

Аммо ВУД-и Қирғизистон ин гуфтаҳои Жолдубаевро беасос хонаданд

Отамбоев пештар низ ду бор барои бозпурсӣ ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон даъват шуда буд.

Шарҳи КДАМ дар бораи хабари боздошти Алмосбек Отамбоев

Вале вакили дифои Отамбоев- Сергей Слесарев изҳор дошт, ки шахси зери ҳимояаш барои бозпурсӣ ба идораи тафтишотӣ нахоҳад рафт, зеро ӯ то ҳол соҳиби унвони президенти пешини Қирғизистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, қарори порлумони Қирғизистон дар бораи маҳрум кардани Отамбоев аз унвони мазкур хилофи Конститутсияи ин кишвар қабул шудааст.

Отамбоевро дар доираи кадом парванда бозпурсӣ карданианд, расман хабар дода намешавад. Вале вакили дифоаш мегӯяд, даъватҳо ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев рабт доранд.

Порлумони Қирғизистон 27 июн Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум ва Додситонии кулли ин кишвар онро ҷонибдорӣ кард.