Русия барои Тоҷикистон дар соли равон 630 квотаи таҳсилотӣ ҷудо кард

Масъулини вазорати маориф Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуданд, ки аксари довталабони тоҷик барои идомаи таҳсил Русияро интихоб мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон имсол 630 квотаи таҳсилотӣ ҷудо намудааст.

Вай афзуд, бо вуҷуди он, ки Русия дар тақрибант ҳар сол квотаи таҳсилотиро зиёд менамояд, довталабон кам намешавад. Аксари ҷавонони кишвар мехоҳанд таҳсилро дар Русия идома диҳанд.

Нуриддин Саид: мо зарурат ба хатти форсӣ гузаштанро надорем

Ба ақидаи вазири маорифи кишвар, аксари ҷавонон донишгоҳу мактабҳои Русияро ба хотири меъёрҳои таълимии монанд интихоб мекунанд.

“Чанд иллате вуҷуд дорад, ки барои чӣ шаҳрвандони мо Русияро барои таҳсил интихоб мекунанд. Яке аз ин илатҳо ин аст, аксари шартномаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо Русия баста шудааст. Дигар ин ки меъёрҳои таълимии Русия бо Тоҷикистон монанандӣ доранд. Ба ҳамин хотир бештари ҷавонон Русияро интихоб мекунанд”, - гуфт вазир.

Нуриддин Саид, вазири маорифи кишвар қайд намуд, ки Тоҷикистон дар ҳамон фазои таҳсилоти ягонае, ки асосашро Русия гузоштааст, фаъолият дорад.

Пешниҳоди Нуриддин Саид ба Русия: ба Тоҷикистон мутахассисони соҳаи саноат омода намоед

Вай афзуд, ки миёни барномаҳои таълимии ду кишвар тафовут вуҷуд надорад, ба ҷуз аз махсусиятҳои миллӣ.

“Он ҷо таърихи Русия мехонанд, инҷо таърихи Тоҷикистон, онҷо забони русӣ меомӯзанд инҷо тоҷикӣ, Онҷо асосу ҳуқуқҳои давлати Русия аст инҷо асосу ҳуқуқҳои давлати Тоҷикистон, аммо физика, риёзиёт, химия ва ғайра қариб дар  як сатҳ аст”, - таъкид намуд вазири маорифи кишвар.   

Фармоиши Нуриддин Саид барои се рӯзи таътил дар Душанбе: Чаро?

Вай инчунин зикр намуд, аксари ҷавонони ҷумҳурӣ худро дар Русия роҳаттар ҳис мекунанд.

Ваъдаи Нуриддин Саид дар Маскав: барои кӯдакони муҳоҷир мактаб месозем

“Русия ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон дар бораи ду шаҳрвандӣ қарордод дорад. Шаҳрвандони мо дар Русия низ шаҳрвандӣ доранд. Фарзандон ва худи онҳо худро дар қаламрави ду кишвар озод ҳис мекунанд”, - афзуд Нуриддин Саид.

Ёдрас мешавем, ки то имрӯз дар мактабҳои олии Русия беш  27 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар таҳсил мекунанд. Соли гузашта Русия барои Тоҷикистон 618 ҷой (квота) ҷудо намуда буд.

Инчунин барои Тоҷикистон ҳамасола Чин, Қазоқистон, Ҳиндустон, Укроин ва Белорус квота ҷудо намуданд.