Нуриддин Саид: мо зарурат ба хатти форсӣ гузаштанро надорем

Мақомоти Тоҷикистон эълон намуданд, ки барои бозгашт аз хатти сирилик ба хатти форсӣ зарурат вуҷуд надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik.  Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон зарурат аз хатти сирилик ба хатти форсӣ гузаштанро надорад.

Вай гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ният надошт, ки ба хатти форсӣ баргадад.

Қазоқистон аз соли 2025 ба хатти лотинӣ мегузарад

“Мо ҳеҷ гоҳ нияти аз хатти сирилик ба хатти форсӣ гузаштанро надоштем. Мо зарураташро ҳам намебинем”, - таъкид кард Нуриддин Саид.

Инчунин, вай илова кард, ки дар мактабҳои миёна Тоҷикистон барои хонандаҳои синфҳои 7-8 омӯзиши алифбои ниёгон роҳандозӣ шудааст.

Бозор Собир: ҳадафи бозгашт ба хатти форсӣ ҷумҳурии исломист

“Мо дар синфҳои 7-8 алифбои ниёгона дарс медиҳем. Вазорат ҳамчунин китобҳоро низ чоп карда, пурра дастраси хонандаҳо кардааст”, - қайд намуд вазир.  

Ӯ гуфт дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ягон зарурат барои баргаштан ба хатти форсӣ вуҷуд надорад.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳамчунин зикр намуд, ки масъулини вазорат аз мақомоти олии кишвар дар ин бора супорише ҳам нагирифтааст ва ҳамчунин супориш ҳам нест.