ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Дар Туркия бар асари чаппа шудани автобус, 15 мусофир, ки ҳамаашон муҳоҷирон буданд, ҷони худро аз даст дода, 27 тани дигар сахт ҷароҳат бардоштанд.
Бар хабари шабакаи телевизионии NTV, садамаи автобус дар музофоти Ван дар қисми ҷанубии Туркия рух додааст.
Бар хабари манбаъ, автобус аз меъёр зиёд мусофирон гирифта, бо сабабҳои то ҳол номаълум ба канори роҳ баромадаст, ки дар натиҷа чаппа шудаст.
Муайян гардидаст, ки миёни ҳалокшудагон кӯдакон низ қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки музофоти Ван дар назди марз бо Афгонистон ҷойгир буда, тариқи ин минтақа селаи зиёди муҳоҷирони афғон ба Туркия ворид мешаванд.
Дар Русия нашъаҷаллобе аз Тоҷикистон дар садама ҳалок шуд
Ёдовар мешавем, ки дар қисмати шарқи Туркия, моҳи марти соли гузашта низ як садамаи автобус, ба қайд гирифта шуда буд. Он замон низ савори автобус, муҳоҷирон аз Афғонистон, Покистон ва Эрон буданд.
Иди сиёҳ: ҷасадҳои додарон - Муҳаммадҷон ва Мансурҷонро аз Маскав ба Ватан мефиристанд
Бар асари бархӯрдани автобус ба симчӯби канори роҳ 17 мусофири дохили автобус ба ҳалокат расида, 36 нафари дигар сахт ҷароҳат бардошта буданд.