ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Захираҳои нафту гази Тоҷикистон дар чуқурии 3-5 ҳазор метр ҷойгиранд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Вай гуфт дар ҳоҳи ҳозир орҳои омӯзиши геологӣ ва коркарди захзираҳо ҷараён доранд.
Инчунин вай таъкид намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди геологӣ буда, ба ин захираҳо тилло, нуқра, сурб, металлҳои ранга, сиёҳ, қиматбаҳо, ашёи радиоактивӣ, сангҳои қиматбаҳо, нимқимматбаҳо ва худҷилову ороишӣ, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ, обҳои зеризаминӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Саргеология: ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон ба кундӣ пеш меравад
“Дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи корҳои анҷомдода захираҳо бо категорияҳои гуногун ҳисоб шуда, тавозуни давлат аз ҳисоби тилло, ангишт, хок, оҳаксанг, ашёи сементӣ, газ ва нафт ғанӣ гардонида шуд”, — афзуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Вай илова кард, ки тамоми корҳое, ки дар самти гузаронидани санҷиш ва коркарди захираҳои геологӣ анҷом дода мешаванд, дар асоси қарордоди дуҷонибаи Саридораи геология ва тарафи дигар ба амал бароварда мешаванд.
“Соли равон ҷиҳати истифодаи қаъри замин ва бонуси кашфи тиҷоратӣ бо 22 ширкат қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 108 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», —қайд намуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.