Харидорони асосии сабзавоти Тоҷикистон кадом давлатҳоянд?

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали сол беш аз 72,1 ҳазор тонна сабзавот содир карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ гуфт, ки маҳсули кишоварзӣ ба 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Қазоқистон, Русия, Узбакистон, Афғонистон, Қирғизистон ва ғайра содир мегарданд, хабар додааст ТоҷикТА.

Омодагӣ ба Иди Фитр: Савдои гарм дар бозору мағозаҳои пойтахат-гузориши аксӣ

Ба гуфтаи вазири кишоварзӣ, то 1 июли соли ҷорӣ дар саросари кишвар 575 ҳазор тонна ғалла ва растанӣ, 253 ҳазор тонна картошка, 785 ҳазор тонна сабзавот, 209 ҳазор тонна маҳсули полезӣ ва 122 ҳазор тонна мева тавлид шуд.

Дар зимн, тавлиди гӯшт, шир, асал ва тухм низ рушд кард. Вазири кишоварзӣ ба пурсиши “пас чаро нархи тарбуз ва гӯшт боло аст?” посух дод, ки нарх бар асоси тақозо боло меравад ва ин қонун иқтисоди бозорӣ аст.

Ӯ афзуд, ки нархи гӯштро бо афзойиш додани тавлиди гӯшти мурғу харгӯш коҳиш додан мумкин аст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ дар тайи шаш моҳи аввали соли равон дар кишвар 73 ҳазору 996 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз ё 3681 тонна зиёдтар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки феълан нархи гӯшт дар Тоҷикистон ҳудуди 50 сомониро ташкил медиҳад, ки боиси норозигии бисёре аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.