Ҳизби ҳоким дар Суғд шумори аъзоёнашро зиёд кардааст

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон эълон намудааст, ки шумори аъзоёнаш дар вилояти Суғд ба 140 ҳазору 836 нафар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар шаш моҳи соли равон шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзуда, ба 140836 нафар расидааст.

Аъзои ҲХДТ барои фаъолияти ҳизбаш дар Мастчоҳ бинои нави маъмурӣ бунёд мекунанд

Масъулини ҳизб иттилоъ додаанд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки бо иштироки муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода доир шуд, ҳамзамон таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 2400 мулоқоту вохӯриҳо бо фарогирии беш аз 216 ҳазор нафар доир гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини ҳизби ҳоким дар вилояти Суғд таъкид намуданд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳизбро дастгирии иҷтимоӣ ташкил дода, дар шаш моҳи сипаришуда беш аз 10000 нафар шахсони ниёзманд, собиқадорон, беморону пирони рӯзгордида аёдат ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карда шуданд.

Раҳмон дар ҷаласаи ҳизби ҳоким: дастовардҳои кишвар бо ҲХДТ иртиботи ногусастанӣ доранд

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.

Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

Ҷавонтарин вакили парлумон роҳбари фраксияи ҲХДТ интихоб шуд

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ- сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.