Толибилмони тоҷик аз олимпиадаи байналмиллалӣ ду медал ба даст оварданд-акс

Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов хонадагони синфи 10 ва 11-и Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В." дар олимпиадаи Тел-Авив ду медали биринҷӣ ба даст оварданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Роҳбарияти Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва ПВ" аз дастовардҳои толибилмони худ дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар шаҳри Тел-Авив истиқбол намуд.

Бар хабари сомонаи Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В.",  дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз олимпиадаи байналмиллалӣ аз фаннӣ физика байни толибилмони мактабҳо бо ду медали биринҷӣ баргаштанд.

Гуфта мешавад, медалҳои биринҷии олимпиадаро хонадагони синфи 10 ва 11-и Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва П.В."- Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов ба даст оварданд.

Ба иттилои манбаъ, олимпиада аз 7 то 15- уми июл дар шаҳри Тел-Авив баргузор гардид. Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин олимпиада аз 78 кишвари ҷахон 384 нафар толибилмон иштирок намуда буданд.

Дастоварди наврасону ҷавонони тоҷик дар Фестивал-озмуни байналмилалӣ

Зимнан, боз як узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, хонандаи синфи 11-и Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Иззатулло Юсуфов низ бо ифтихорнома қадрдонӣ шуд.