Ду садамаи маргбор: марги ду дучархарони ноболиғу пирамард

Ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Салмонова Сурайёхон соли таваллудаш 1980 дар дучархарони ноболиғ, Орифов Юсуф, соли таваллудаш 2010 дар кӯчаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ҷайҳун пахш намуд. Ноболиғ дар дар беморхона ба ҳалокат расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июли соли равон, ҷавондухтари ронанда писарбачаи 9-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Салмонова Сурайёхон, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён”, дар кӯчаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Юсуф Орифов, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Чайҳунро пахш намудааст. 

Садамаи маргбор: боз як дучархарон зери чархи мошин ба ҳалокат расид

“Дар натиҷа, ноболиғ Юсуф Орифов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - таъкид намуд манбаъ.

Инчунин, манбаъ хабар додааст, ки худи ҳамон рӯз ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Саидаҳмадов Нуралӣ, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Кушониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Азизов Сафаралӣ, соли таваллудаш 1950, нафақахӯр, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Тавре манбаъ таъкид намудааст, дар натиҷа, Азизов Сафаралӣ  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома дорад.