Манбаъ мегӯяд, 11-уми феврали соли 2015 ба Норкузиев ба муҳлати 7 шабонарӯз рухсатии кутоҳмуддат дода шуда, сипас ба муҳлати 5 шабонарӯзи дигар тамдид шудааст.
Бар асоси парванда, сарбоз баъди анҷоми муҳлати рухсатӣ ба ҷои хидматаш ҳозир нашуда, ба Русия фирор кардааст.
Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе алайҳи Норкузиев парвандаи ҷиноӣ кушода, ӯро мавриди кофтукоб эълон кардааст. Сарбози фирорӣ 20-уми ноябри соли 2018 дар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Березники Русия аз ҷониби кормандони умури дохилии ин ниҳод дастгир карда шудааст.
Додгоҳи низомӣ дар пайи истирдоди Норкузиев қазияро баррасӣ карда, муайян намудааст, ки ӯ 3 солу 8-моҳу 3-ҳафта ва 5 рӯз дар ҷойи хизмати ҳарбӣ набуд ва вазифаҳои хизматиашро иҷро накардааст.
Додгоҳ сарбозро барои фирор аз хидмат ба 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда, таъкид кардааст, ӯ тайи 10 шабонарӯз ҳаққи шикояти кассатсионӣ аз ин қарорро дорад.