Наҷотдиҳандагон дар Суғд се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кормандони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафарро аз хатари ғарқ шудан дар об наҷот доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи КҲФ, атбои наҷотёфта аз ғарқшавӣ – ду мард ва як хонум, сокинони ноҳияҳои Деваштич ва Спитамен мебошанд.

Ғарқшавии ҷавонзану духтари 16-сола дар Исфара

“Ин се тан дар ҷойи мамнуъ барои шиноварии дарёи Сир дар қаламрави шаҳри Хуҷанд шиноварӣ мекарданд. Истироҳаткунандагон шинокунон аз соҳил дур рафтанд ва намедонистанд, ки дар бозгашт қувваи онҳо барои то соҳил шино кардан намерасад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, наҷотдиҳандагони навбатдори Раёсати Кумита онҳоро фавран ба соҳил расонда, кумаки аввалияи тиббӣ расондаанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҷиддан қоидаҳои бехтариву амният дар обҳоро ҳангоми истироҳат риоя кунанд ва кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд. 

Ҷавоне дар талоши наҷоти дӯсташ ҷон дод: афзоиши қурбониёни шиноварӣ дар Тоҷикистон

Ахиран наҷотбахшон дар мавзеи назди бозори "Султони Кабир"-и шаҳри Душанбе ҷасади духтари 17- соларо аз рӯдхонаи Душанбе берун оварданд.

Бар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур 16 июл тақрибан соати 18:30 дақиқа рух додаст ва кормандони ин ниҳод шахтияти ҳалокшударо аллакай муайян намуданд. Марҳум Ҳадиса Табарова, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  будаст, ки тибқи фарзияи мақомоти тафтишотӣ, даст ба худкушӣ задааст.