Даҳ кӯчаву шаш маҳаллаи шаҳри Душанбе имрӯз бебарқ мемонанд

Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилаптикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомуш карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ дар  як қисми кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан, аз соати 09:00 то 16:00  қатъ карда мегардад.

Имрӯз боз дар се ноҳияи шаҳри Душанбе сокинон бебарқ мемонанд

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳри Кучаҳои Саспичкари Осиё, Пионерский,  Кучаҳои  Сари Осиё, Заҳматобод, М.Турсунзода, Пионер, Л.Шералӣ  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кучаҳои С.Айнӣ, маҳаллаи Теппаҳои шарқи ноҳияи Шоҳмансур,  Маҳаллаҳои Шапккина, Машъал, Крупская, Южная Обходнаяи ноҳияи Фирдавсӣ ва  Кучаҳои С.Шерозӣ, Сино,  А.Навоӣ, Ҷ.Расулов, маҳаллаи Гураҳҳаи ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.