Юсуф Раҳмон: омилони оташсӯзии Осияи 6-сола муҷозот намешаванд

Дастандаркорони оташсӯзии Осияи 6 - сола бинобар ноболиғ буданашон, муҷозот нахоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар ин бора додситони олии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода афзуд, ки боз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати муҷримони қазияи Осияро рад намудаст.

Оташ маро фаро гирифт: Осия ба модараш аз бераҳмии ноболиғон шикоят кард

Зимнан сардори Раёсати назорат оид ба ноболиғон ва ҷавонон дар додгоҳи олии кишвар, Камолзода Баракатулло дар бастагӣ ба ин масъала гуфт, ки дар натиҷаи санҷиши маводҳо оид ба ҳолати мазкур, бинобар субъекти ҷиноят будани ноболиғон, нисбат ба Очилдиев Суннатуллои 13- солаву 9-моҳа, Шарипов Юсуфҷони 10-солаву 10-моҳа ва Алиев Фаррух (9 солаву 10 моҳа) қарори рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул гардидааст.

Мавсуф ҳамчунин, гуфт, Очилдиев Суннатулло аз соли 2013 инҷониб дар Муассисаи давлатии бемориҳои равонии кӯдакон ва наврасон ба қайд гирифта шудаст.

Хабари оташ задани духтараки 6-сола ба Раҳмон расид: дастури президент ба Олимзода

Маврид ба зикр аст, ки қаблан Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон вобаста ба ин қазия гуфта буд, ки гумонбарони оташ задани духтараки 6-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ бо далели наврас буданашон боздошт нашуда, аммо масъалаи ҷудо кардани онҳо аз ҷомеа ба наздикӣ ҳал мешавад.

Зери назорати президент: профессори олмонӣ барои табобати Осияи 6-сола омад-акс

Тибқи омори Прокуратураи генералӣ, дар ним соли аввали соли равон аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 169 ҷиноят кам будааст.