ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея мақоми шоиста дошта, ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои нахустин сафари расмии Сарвазири Корея интизориҳои зиёд дорад.
Сарвазири Куриё дар се рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ мулоқот мекунад
Доир ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар доираи муколамаи "Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея", Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкори судманд анҷом дода шуд.
Зимни мулоқоти судманд доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, фармасевтика, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.
Сарвазири Куриё дар се рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ мулоқот мекунад
Зимнан дар мулоқоти мазкур масоили вобаста ба амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ, вазъи кунунии Афғонистон, мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.