Қосим Роҳбар боз дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт: сабаб иҷрои супоришҳо будааст

Сабаби ҳузр надоштани Қосими Роҳбар дар нишасти матбуотӣ иҷрои супоришҳои зиёд будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Сабаби ҳузур надоштани раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон Қосим Роҳбар, дар нишасти матбуотӣ супоришҳои зиёду муҳим мебошад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Исмоилзода Ёқуб Борон муовини раиси Кумитаи рушди маҳал.

Боиси нигаронист: Раҳмон 15 шаҳру навоҳии Хатлонро ном бурд, ки лоиҳаҳоро татбиқ накарданд

Дар ҳамин ҳол, бархе аз рӯзноманигорон зикр намуданд, ки Қосим Роҳбар тақрибан давоми ду соли фаъолияташ дар ин мақом, ҳеҷ боре дар нишастҳои матбуотӣ, ки бо фармони раисҷумҳур  баргузор мегардад иштирок накардааст.

Аммо Исмоилзода Ёқуб Борон, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, гуфт қаблан Қосим Роҳбар барои ВАО нишасти матбуотӣ баргузор намуда буд ва шахсан дар он иштирок намуд.

“Ҳоло ба сабаби супоришҳои зиёд раис дар нишасти матбуотӣ ҳузур надорад. Чӣ саволе бошад мо омода ҳастем ҷавоб диҳем”,- шарҳ дод Исмоилзода Ёқуб.

Ёдрас мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон аз аввали ҳафтаи оянда, 15 июл оғоз гардида, то 2 август идома меёбанд.

Роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019 маълумот медиҳанд.

Аз маҳал то вазоратнишинҳо: раисиҷумҳур аз мансабдорон хост, бо муҳоҷирон наздиктар бошанд

Тибқи супориши раисҷумҳури Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд.

Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.