Хуҷанд истеҳсоли маҳсулоти санотаиро афзоиш додааст

Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 589 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли равон корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 589 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 дарсад зиёд мебошад.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд иттилоъ додааст.

Тавлидотро зиёд намоед: интиқоди Хол Ҳайдар аз истифодаи матоъҳои истеҳсоли хориҷӣ

Бино бар иттилои манбаъ, шаҳри Хуҷанд барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ -саноатикунонии босуръати кишвар, тавсеаи нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии вилоят ва вусъат бахшидан ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар нимсолаи якуми соли равон дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 589 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 фоиз зиёд мебошад.

Суғд дар соли равон тасмим дорад 272 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бунёд намояд

“Ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот саҳми корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Қоғази тоҷик”, “Арча-мебел”, “Кимё”, “Таҷпроф” ва “Ариана металлпласт” назаррас мебошад”,- таъкид намуд манбаъ.

Тавре манбаъ зикр намудааст,дар ин давра номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 корхонаи саноатӣ ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулот ба кишварҳои ҳамсуд содирот карда шудааст.