Бонки миллӣ арзиши доллар, рубл ва евроро барои имрӯз эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар барои 16 июл, муқаррар кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1502  то 0.1525 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 9.4397 то 9.4400 сомонӣ арзёбӣ кардааст, аммо корафтодагон мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар ғайриимкон мебошад ва қурби аслӣ хеле болотар аз он мебошад.

Ҷустуҷӯи ёвар барои раиси Хатлон ва 8 мансаби холии дигар: маош аз 696 то 1387 сомонӣ

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 10. 6404 то  10.8000  сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар бозори расмии ғайринақдӣ имрӯз қурби 

1 доллари ИМА — 9.4397  сомонӣ, 1 евро – 10.6404 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1502 сомониро ташкил медиҳад.

Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.