Гаронтарин орд ва арзонтарин гӯшт дар Бадахшон фурӯхта мешавад

Хадамоти зиддиинҳосории Тоҷикистон хулосаи омӯзишии худ аз бозорҳои Тоҷикистонро, ки аз охири моҳи май то охири моҳи июн анҷом додааст, нашр намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Натиҷаи омӯзишии хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бозорҳои кишвар маълум намуд, ки аксаран арзонтарин маводи ғизоӣ дар вилояти Суғд буда, гаронтарин дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

Гӯштфурӯшони ҳаромфурӯш дар Рамазон: 3 қассоб 27 гови мурдаро ба бозор интиқол медоданд

Бар хабари ин ниҳоди давлатӣ, ҳукумат назорати нархи як қатор маҳсулотҳои хӯроквории муҳимтарро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст, ва ин маҳсулотҳо набояд аз арзиши муқарраршудаи ҳукумат, гаронтар фурӯхта шаванд.

Хадамоти мазкур дар хулосаи омӯзишии худ овардааст, ки нархи як халта орди 50 килограммаи истеҳсоли ватанӣ 175 сомонӣ ва орди истеҳсоли хориҷӣ -187 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аксар фурӯшандаҳо бар ин боваранд, ки нархи муқараршудаи орд арзонтар буда, савдогарон онро ба қиммати 10-15 сомонӣ гаронтар мефурӯшанд.

Як моҳ мӯҳлат: Рустам Эмомалӣ дар бозор, ошхонаву мағозаҳои Душанбе либоси ягона ҷорӣ кард

Гузашта аз ин арзиши орд дар вилояти Суғд назар ба дигар манотиқи кишвар арзонтар буда, ба маблағи аз 157 то 180 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба бозор рафт ва нархи гӯштро 2 сомонӣ арзон кард

Гуфта мешавад, орди аз ҳама гарон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудаст, ки арзиши як халта орди 50 килограм дар ин манотиқ - 190 сомонӣ нарх дорад.

Зимнан, дар Бадахшон арзиши гӯшт дар муқоиса ба дигар минтақаҳо арзонтар аст.

Агар дар пойтахт сокинон як килло гӯштро ба арзиши 40-45 сомонӣ харидорӣ намоянд, дар Бадахшон гӯшт ба нархи 35-38 сомонӣ фурӯхта мешавад.

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Белорус ба бозор мебарояд

Нархи ин намуд маҳсулот аз ҳама гарон дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин минтақа сокинон гӯштро ба маблағи 46-49 сомонӣ харид мекунанд.