ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сарвазири Ҷумҳурии Куриё Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон омад.
Бино аб иттилои АМИТ "Ховар" меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазирад.
Рӯзи 16 июл дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён баргузор мегардад.
Сарвазири Куриё дар се рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ мулоқот мекунад
Инчунин мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Куриё бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ пешбинӣ шудааст.
Аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳанд расид.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Куриё 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.
Ҷумҳурии Куриё намояндагии дипломатии худро бо роҳбарии Кордор дар пойтахти Тоҷикистон соли 2008 ифтитоҳ намуд.
Соли 2012 аввалин сафири ғайримуқими Тоҷикистон дар Куриё бо иқомат дар шаҳри Токиои Ҷопон таъйин шудааст.
Айни ҳол байни ду кишвар созишномаҳо дар соҳаҳои ҳимояи сармоя, андозбандии дукурата ва бекор намудани талаботҳои раводид ба имзо расидаанд.