Нашри акси ронандаи “Тойота”, ки зани кӯчарӯбро дар Душанбе зер карду гурехт – видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як навор аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки барои пайдо намудани ронандаи 33-сола Алишер Маҳмадуллоев, ки дар марги Сайлонбӣ Муҳиддинова, кӯчарӯби Душанбе айбдор мешавад, кумак кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи гузориши видеоии ВУД, Маҳмадуллоев, ки сари идораи “Тойота кемрӣ” рақами қайди давлатияш 2727 ЕН 01 қарор доштааст, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ғаффорови шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракатро вайрон намуда, зани кӯчарӯбро зер кардааст. ВУД афзуд, ронанда баъди зер кардан, ба ҷои ёрӣ расондан аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Фирори ронанда пас аз садамаи маргбор дар кӯчаи Лоиқ Шералии Панҷакент

Дар натиҷа Сайлонбӣ Муҳиддинова, корманди идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Сино баъди 6 соати бистарӣ шудан дар беморхона ҷон додааст.

Ба иттилои мақомот дар пайи таҳқиқ муайян шудааст, ки ронандаи фирорӣ Алишер Маҳмадуллоев, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Сомони шаҳри Ҳисор мебошад. Мошини ӯ пайдо карда шуда, ба ҷаримагоҳ ворид шудааст, аммо ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Падари ронандаи фирорӣ дар гузориш ВУД изҳор медорад, ки макони фарзандашро намедонад ва даъват намуд, ки ҳар куҷое бошад ба мақомот ҳозир шаваду барои амалаш дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

ВУД бо нашри акси Маҳмадуллоев аз шаҳрвандон хостааст, ки агар ҷои будубоши ӯро донанд, ба идораи милисаи маҳалли зисташон муроҷиат кунанд.