Масте, ки худро “набераи Файзалӣ Ҳасан” гуфту Мижгона мекофт, боздошт шуд – навор

Ҷавони масте, ки дар шаҳри Душанбе худро набераи Файзалӣ Ҳасан гуфта, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст, дар пайи нашри видеои ҷанҷолаш боздошт шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар пайи нашри навори ҷанҷоли як ҷавони маст дар пойтахт, ки атрофиёнро таҳқиру дашном медод, муайян кардааст, ки ӯ Ҳасанов Фаррух Сулаймонович мебошад.

Баъди шикоят дар facebook: ҷаримаи табиби оянда барои дашноми зан дар кӯча

Додгоҳи ноҳияи Сино 13 июл Ҳасановро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Ҳасанови 22-сола, ки донишҷӯи бахши 4-уми Консерваторияи миллии Тоҷикистон будааст, соати 2-и шаби 13 июл бо мақсади гуфтугузор намудан бо як нафар шиносаш бо номи Мижгона ба кӯчаи Борбад 75 омадааст. Аммо нафари мавриди назари ҷавони маст дар он ҳуҷра набуда, дарро барояш иҷоранишини нав кушодааст ва ҳолатро фаҳмондааст. 

Ҳасанов Фаррух ба суханони иҷоранишини нав бовар накарда, баръакс бо ӯ муноқиша намуда, бо додзанӣ ва овози баланд ӯро дашном додаасту ними шаб ҳамсояҳоро низ хезондааст.

Масте, ки худро “набераи Файзалӣ Ҳасан” гуфту Мижгона мекофт, боздошт шуд – навор

Ин ҷавон баъди нашри навори ҷанҷолаш дар интернет, ки боиси интиқодҳо аз рафтораш шуд, боздошт гардид.

Бар асоси навор, ҷавон худро набераи Файзалӣ Ҳасан гуфт, ба кофтукоби Мижгона дари иҷоранишини навро кӯфта, ҷанҷол бардоштааст.

РВУД изҳор доштааст, ки феълан ин ҷавон дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки барои мубориза бо нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо бо маъмурини милиса ҳамкорӣ кунанд.