Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Исмоилиёни Маскав "Рӯзи Имомат"-ро бо шукӯҳи хосса таҷлил карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Шоми 13 июл дар толори консертии "Вдохновение" ба муносибати 62-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Аълоҳазрат Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ё "Рӯзи Имомат", ки ҳамасола 11 июл таҷлил мешавад, барномаи консертӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ аз ду қисм: намоишгоҳ ва барномаи фарҳангӣ иборат буд.

Аксҳои овони ҷавонии Аълоҳазрат Оқохони IV ва барномаҳои омӯзишии созмони «Нур»

Аз дари даромад меҳмононро ҷавонони ризокор бо табассум пешвоз гирифта ба намоишгоҳ даъват мекарданду то ба дохили толор ҳамроҳӣ намуда ҷойи нишасти ҳар тамошобинро тибқи чипта нишон медоданд.

Дар намоишгоҳ аз як тараф рӯи мизе дар дохили шиша аксҳои овони ҷавонӣ ва кунунии Аълоҳазрат Оқохони IV ва дар бари онҳо аксҳои марказҳои исмоилия, ки дар шаҳрҳои гуногун воқеъ аст, гузошта шуда буду, як гулдухтари зебо дар тан пироҳани сурх ба меҳмонон дар бораи марказҳо маълумот медод.

Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Дар Тоҷикистон теъдоди исмоилиён аз 200 ҳазор бештар арзёбӣ мешавад. Дар кишвар ду маркази исмоилия сохта шудаст, ки яке дар пойтахт - шаҳри Душанбе ва дигаре дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.

Ҷамоати исмоилиёни Маскав рӯзи "Имомат" - ро таҷлил мекунанд

Аз ҷониби дигар, намояндаи бахши маорифи созмони ҷамъиятии "Нур" ба мардум дар бораи барномаҳои омӯзишии ин даргоҳ маълумот медод.

Бино ба гуфти ризокори ин бахш, дар марказ барои кӯдакон оғоз аз синни ҳаштмоҳа то синфи 11 барномаҳои вижаи омӯзишӣ вуҷуд дорад.

"Мо бо марказҳои гуногуни омӯзишии Маскав, аз ҷумла маркази омӯзишии ба номи Ломоносов ҳамкорӣ дорем ва ҳар сол миёни хонандагони мактабхон олимпиада баргузор мекунем, ки аз ҷониби мутахассисони ин марказ доварӣ мешавад", - нақл кард ризокор.

Бино ба маълуоти намояндагони созмони "Нур" ҳамчунин ҳар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ин марказ, барои кӯдакони аз се сола то синни мактабӣ барномаи вижаи рушди кӯдак роҳандозӣ мешавад.

Ороиши саҳна

Қисми дуюми барнома, ки аз консерт иборат буд дар дохили толори барҳавои "Вдохновение" баргузор шуд.

Саҳна бо рамзҳои хонаи помирӣ, ки аз фарҳанги қадимаи мардуми Бадахшон дарак медиҳад, оро дода шуда буд. Дар як тарафи саҳна ду сутун чун даромадгоҳ ба хона, ҷойгир буду дар яке аз сутунҳо рубоб овезон буд.

Аз боло гузаред: тоҷикон дар Маскав "хонаи помирӣ" бунёд карданд

Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Маъмулан аз даврони пеш дар ҳар манзили бадахшонӣ асбоби мусиқӣ аз қабили дутор, сетор, танбур ҷой дорад, вале бештар рубоб дар ҳар хона овезон аст, ки аз дарки баланди мусиқоии мардуми Бадахшон дарак медиҳад.

“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Аслан навозандагон ва овозхонони Бадахшон бо навозиши рубобу танбур сифоти зоти пок мекунанд.

Дар ҷониби дигари саҳна, боғ ва дарахте дар дохили панҷара буд, ки дар гирдаш сангҳо гузошта шуда буд, ки саҳнаро бештар ба ҳавлии манзилҳои бадахшонӣ, ки бештар дар иҳотаи сангҳо ва кӯҳҳо ҷойгиранд, шабоҳат медиҳад.

Барномаи консертӣ бо эълони ровиён ва табрикоти намояндаи созмонҳои ҷамоатии Аълоҳазрат Оқохони IV дар Маскав, Олим Ширинбек оғоз шуд.

Олим Ширинбек меҳмононро ба муносибати "Рӯзи Имомат" табрик карда аз сулҳофаринии Аълоҳазрат Оқохони IV дар ҷаҳон гуфт.

"Дар тӯли беш аз 60 сол Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ ба ҷаҳониён исломи ботинӣ исломи бародарию дӯстӣ ва исломи инсонгароиро нишон медиҳад", - гуфт Олим Ширинбек ва ҳамаи нишастагонро ба ризокорӣ даъват карду афзуд, ки яке ин аз рункҳои асосии мазҳаби исмоилӣ ба шумор меравад.

Дар ҷустуҷӯи Худо

Барномаи фарҳангӣ бо қироати оёти қуръонӣ аз сураи "Нур" оғоз шуд. Ин барнома аз ҷониби ҳунарпеша ва донишҷӯи факултаи коргардони саҳна ва синамои бахши ассистентураи Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Маскав, Шероз омода шуда, дар доираи як намоишнома баргузор шуд.

Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Намоишнома, ки "Садои қалб" унвон дошт, дар бораи ҷустуҷӯи Худо аз ҷониби марде, ки бо роҳнамоии овозе аз ғайб тариқи хондани оёти қуръонӣ дар кӯчаю бозорҳову масҷидҳову шаҳру деҳот мегашт ва билохира "айҳи байти паёмбар Муҳаммад (с)"-ро дармеёбаду ба саволҳои худ посух мегирад, нақл мекард.

Ҳар як баромади марди "Худоҷӯ" бо суруду рақсу, муноҷоту, рэпу қироати шеър иваз мешуд. Бештари матни сурудҳо дар васфи Худою паёмбар, Ҳазрати Муҳаммад (с) ва аҳли байти ӯ хонда шуданд, ки аксарашон ба қалами Шамси Табрезӣ тааллуқ доштанд.

Завқибеков дар бораи ҷоизагирӣ аз дасти Оқохони IV: ин ифтихори бузург аст

Ин барномаи пурмуҳтаво аз ҷониби ризокорон, ки аксарашон ҳунармандони асил нестанд, бо маҳорати хос иҷро шуд. Муаллифи намоишнома мегӯяд осон нест дар шароити Маскав, ки яке таҳсил мекунаду дигаре кор ва ҳам ҷои зисти ҳар кас дар қисматҳои гуногуни Маскав ҷойгир аст, ҷамъ кардани ҳунармандон ва баргузор кардани чунин барнома.

"Ҳаст ҳунару ҳаст муҳаббат, ман ҳамаи чизро дар муҳаббат мебинам. Ин нафароне, ки дар саҳна имрӯз ҳунарнамоӣ карданд, шуғлу кору фаъолияти мухталиф доранд. Аксарашон донишҷӯй ҳастанд, ва овозхони асил ҳам ҳастанд - масалан Хушрӯз Бахтоваршоев. Вале аксарашон дараҷаи бузурги саҳнавӣ надоранд, вале муҳаббати зиёд онҳоро як ҷо ҷамъ кард", - бовар дорад Шероз.

Либоси саҳнавӣ

Ҳамаи ҳунарнмадон дар саҳна бо пироҳанҳои дарози сафед ва салла дар сар ҳунарнамоӣ карданд. Ба гуфти муаллифи намошнома дар саҳна бештари ороиш аз буҷа бастагӣ дорад. Мо аз муаллифи намоишнона сабаби интихоби чунин либосҳоро пурсон шудем.

"Саҳнае ки ман гузоштам ин аввал фалсафӣ буд. Либоси сафед дар саҳна нишоне аз тахаюлоти ман – яъне, садои қалби ман буд ва дуюмаш ранги сафед нишонаи тасаввуф аст. Ман аввал хостам ки пироҳанҳо бо домани кутоҳтар, (чун либоси миллии хоси мардуми Бадахшон – шарҳ аз идора) бо шалвор бошад, вале аз сабаби нарасидани буҷа фикрамро иваз карда домани пироҳанро дароз кардему шалвори муқаррарӣ пӯшидем", - шарҳ дод Шероз.

Бардошти тамошобинон

Ба тамошои барномаи фарҳангӣ на танҳо тоҷикони муқими Маскав, балки намояндагони дигар миллатҳо низ омада буданд. Мардум бо аҳли хонавода, ёру дӯстон, падару модар ва ҳамсару фарзанд омада буданд.

Анна Моисеенко, коргардони рус, ки солҳост бо созмони ҷамъиятии "Нур" ҳамкорӣ дорад дӯстонашро низ ба тамошои барномаи фарҳангӣ овардааст.

Ба ӯ бештар муноҷотхонӣ ва омезиши рэпу хори умумӣ писанд омадааст.

Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

"Мо дар назар дорем, ки моҳи август дар Маскав бори дуввум ҷашнвораи Помир-Маскавро баргузор кунем. Барномаи имрӯза ба ман бисёр писанд омад, фикр мекунам, ҳамон муноҷотхонҳо а рэпсаройро мо ба ҷашнвораамон даъват мекунем", - гуфт Моисеенко дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

То охири барнома фазои толор гарм буд. Ҳатто таҳти суруди рапой (як навъи мусиқии бадахшонӣ – шарҳ аз идора), чанде аз меҳмонон аз ҷой бархоста ба дастҷунбониву пойкӯбӣ даромаданд.

Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Барномаи фарҳангӣ наздики се соат давом карду тоҷикони Маскав бо руҳияи болида, толорро тарк карданд.