"Тоҷикфилм" аз филми муштарак бо Қосимова даст кашид: 350 000 доллар талаб мекунанд

Ширкат бо коргардони тоҷики муқими Белорус созишнома ба имзо расонида буданд, ки филми муштарак ба навор мегиранд. Аммо дар рафти кор маълум шудааст, ки барои сабти филм 350 000 доллар сарф мешавад, ки бо он метавон дар Тоҷикистон 3 филм ба навор гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Созишномаи банаворгирии филми муштарак миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва коргардони Иттиҳоди Шӯравӣ Марворид Қосимова қатъ гардидааст, гузориш медиҳад "Падида".

Чанде қабл нашрияи “Народная воля”-и Белорус дар бораи моҷарою нофаҳмӣ ва қатъ гардидани созишнома миёни “Тоҷикфилм” ва Марворид Қосимова маводе ба табъ расонидааст.

Дар Маскав филми коргардони тоҷик Борис Кимёгаров намоиш дода мешавад

Коргардони Шӯравӣ ва Тоҷикистону Белорус, сенариянавис ва ҳунарпешаи синамо Марворид Қосимова (Маргарита Қосимова) бо ҷалби панҷ нафар дар Белорус ба наворбардории филм омодагӣ медидааст, ки ногаҳон студияи “Тоҷикфилм” аз наворбардории филми муштарак даст кашидааст.

Аз наворбардорӣ даст кашидани “Тоҷикфилм” дар ҳолест, ки муассиса бо Марворид Қосимова ва студияи “Белорусфилм” ба созиш расида, наворбардорӣ кардани филмро ба нақша гирифта будаанд.

Носир Раҳмон, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар сӯҳбат бо “ASIA-Plus” гуфтааст, ки сабаби қатъ гардидани наворбардории филм ҷалб кардани ширкатҳои хусусӣ аз ҷониби Қосимова мебошад.

“Наворбардорӣ бо “Белорусфилм” пешбинӣ гардида буд, лекин Қосимова ширкатҳои хусусиро ба ин кор ҷалб намуда, аз мо пардохти 350 ҳазор доллар маблағро талаб кард, ки барои мо хеле маблағи зиёд аст, зеро бо ин пул дар Тоҷикистон метавон се филм наворбардорӣ кард. Гузашта аз ин, мо барои бастани шартнома бо ширкатҳои хусусӣ ҳақ надорем”.

Дар Чин коргардон Фирдавс Ниёзов соҳиби ҷоиза гардид

“Наворбардории филмро дар нақша дорем, лекин агар маблағ пайдо шавад ва танҳо ҳамроҳ бо “Белорусфилм”. Шояд ҳамин сенарияро истифода барем, лекин коргардон шахси дигар мешавад”,-илова намудааст Носир Раҳмон.

Марворид Қосимова соли 2018 дар доираи 8-умин Фестивали байналмилалии синамо “Дидор” ба шаҳри Душанбе омада, бо “Тоҷикфилм” ба мувофиқа расида буданд, ки филми муштарак ба навор гиранд.

Ӯ замони Ҷанги шаҳрванди ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Болорус кӯч баста, ба студияи “Белорусфилм” ба ҳайри муҳаррир ба кор даромад ва дорандаи шаҳрвандии Русия мебошад.