ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" расман ба интерлайн-созишномаи бисёрҷонибаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба ҳамлу нақли борҳо, ки дар асоси дастуру қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад, шомил гардид, гузориш медиҳад "Ховар".
Гуфта мешавад, ки узвият дар MITA Cargo ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" имконият медиҳад, ки дар фаъолияти минбаъда доираи равобити бисёрҷонибаро бо ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ дар бахши ҳамлу нақли борҳо афзоиш диҳад.
Инчунин узвияти ширкати «Сомон Эйр» ба созмони MITA Cargo ба ширкати ҳавопаймои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар бозори байналмилалии интиқоли борҳо бо дигар ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи хориҷӣ шарики баробарҳуқуқ бошад.
Дар баробари ин, узвият дар MITA Cargo барои ирсолкунандагони борҳо тартиботи ба расмият даровардани борро аз нуқтаи ибтидоӣ то нуқтаи ниҳоӣ хеле содда мекунад. Бинобар набудани зарурати барасмиятдарории бор дар манотиқи транзитӣ хароҷоти вобаста ба интиқоли бор арзон мегардад.
"Баъди шомил шудан ба MITA Cargo борҳо аз рӯйи самт аз фурудгоҳи ибтидоии парвоз то фурудгоҳи таъинотӣ тавассути як борхат интиқол меёбан", — мегӯяд Томас Ҳаллам, мудири кулли ширкат.
Ширкати ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз соли 2017 аъзои IATA буда, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба давлатҳои Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистон муваффақона иҷро мекунад. Парки ширкати «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои муосири Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.