Тӯҳфаҳои Раҳимзода ва шукргузории раиси ноҳияи Рӯдакӣ

Як қатор сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо тӯҳфаҳои арзишноки Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, вохӯрии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед бо сокинони ноҳияи мазкур доир гардид.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин ҷамъомад раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳамин ноҳия, имомхатибон, фаъолони ҷомеа ва ҷавонон иштирок доштанд. 

Раҳимзода барои занон-кормандони ВКД кошонаи ҳусн ифтитоҳ кард

Гуфта мешавад, ки Ҳафиззода аз вазъи сиёсии кунунии ҷаҳон ёдовар шуда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пайвастан ба ин гурӯҳҳо, мисолҳои мушаххас овард.

Қайд мешавад, ки мақсад аз ин вохӯрӣ мустаҳкам намудани ҳамкории мардум бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад. 

Зимни сӯҳбати озоду самимӣ ҷавонони фаъол фикру андешаҳои худро иброз намуда қайд карданд, ки онҳо бояд бо омӯхтани илму дониш машғул шуда, оид ба ҳаёти дунявӣ ва динӣ маълумот дошта бошанд.

"Раиси ҳукумати ноҳияи мазкур баромад намуда, зикр кард, ки имрӯз мардуми кишвар дастаҷамъона дар фазои сулҳу дӯстӣ даст ба корҳои ободонию созандагӣ зада, шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта мекунанд",- омадааст дар хабарнома.

 

Манбаъ афзуда, ки дар идомаи чорабинӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ як қатор шаҳрвандон ва он ҷавонони фаъоле, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии кишвар, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.