Марг дар майдон: дарвозабон бо синааш тӯбро баргардонду дар майдон ҳалок шуд - Видео

Дарвозабони 17-сола тӯбро бо синааш баргардонду дар майдон ба ҳалокат расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дарвозабони ҷавон дар қисми пеналти тӯби рақибонро баргардонду, ногаҳон беҳуш шуда аз пой афтод.

Бино ба иттилои нашриёти The Sun, фоҷиа рӯзи сешанбе, 9 июл дар яке аз деҳаҳои Аргентина Санта-Фе, ҳангоми бозии футбол ба вуқӯъ пайваст.

Ҳангоми задани зарбаи 11-метрӣ тӯби рақиб ба синаи дарбозабон зад. Тӯб ба дарвоза ворид нашуд.

Марг дар ринг: варзишкори мексикоиро то мурдан куфтанд-видео

Дарвозабон тӯбро бо синааш баргардонид. Дарвозабон аз шодӣ ба сӯи дӯстонаш давида, пирӯзиро шодбош мегуфт.

Вале ногаҳон беҳуш шуду дар роҳ аз пой афтод. Замони афтодани дарвозабон ба навор афтод.

Марг дар саҳна: мудел ба банди пойафзол печиду даргузашт-видео

Бино ба маълуоти пешакӣ дарвозабони ҷавон аз сактаи дил ба ҳалокат расид.