ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бар асари чаппа шудани автобуси мусофирбар дар шоҳроҳи Душанбе-Тошканд, дасти кам 20 нафар маҷрӯҳ гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Узбакистон хабар дода, афзудааст, ки ҳодисаи мазкур дар вилояти Сирдарё иттифоқ афтодаст.
Бар хабари манбаъ, дирӯз дар 125 километрии шоҳроҳи "Душанбе-Тошканд" ронандаи автобуси мусофирбад аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба канори роҳ чаппа шудаст.
"Бар асари садама ду нафар аз мусофирони автобус, ки сахт маҷрӯҳ гардиданд, фавран ба беморхона интиқол ёфтанд”,- гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки садама ба айби ронандаи автомашинаи Chevrolet Spark , ки роҳи автобусро буридааст, рух дода, алъон ронандаи ин автомашинаро кормандони пулиси Узбекистон ҷустуҷӯ доранд.
Умедҷон мошинро чаппа кард: ҳалокати модари ронанда дар пайи садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ