ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд бо табибон ва кормандони ин муассисаи тиббӣ дар мавзуъҳои пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ ва фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ мулоқот баргузор гардид.
Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба авзои сиёсии минтақа, кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, ҷаҳонишавӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурд манфиатҳои тамаддунӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва хатрзои ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ суханронӣ кард.
Аз ҷумла вай зикр намудааст, ки имрӯз дар ҷомеа Тоҷикистон қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором сохтани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва дигаргун намудани сохтори давлат мебошад.
Усмонҷон Юсуфӣ таъкид дошт, ки сабаби пайвастани ҷавонони гумроҳ ба сафи созмону ташкилотҳои байналхалқии терорристӣ-экстремистӣ, аз қабили “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳаб-ан Нусра”, “Талбиғ”, “Салафия”, “Ихвон-ул Муслимин” ва ғайраҳо, ин дар сатҳи паст қарор доштани маърифату маълумоти динӣ, фарҳангӣ, дунявӣ ва сиёсӣ, будааст.
Ҳушдори генерал ва вакили тоҷик аз ҳамлаҳои нави террористӣ – диверсионӣ дар Тоҷикистон
Инчунин вай қайд намуд, ки суст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонон аз ҷониби волидайн, фаъолони ҷомеа, зиёиён, намояндагони расмии дин ва рӯҳоиёни барӯманд низ сабаби пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад.
“Омили дигари ифротишавии ҷавонон таҳсили ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии давлатҳои исломӣ мебошад. Зеро ҷавонони мо дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла мамолики араб дар муассисаҳои динӣ солҳои тӯлонӣ таҳсил намуда, пурра фарогири мазҳаби динӣ, фарҳанг, урфу одат ва ҳатто забони онҳо мегарданд ва баъди баргаштан ба ватан тибқи супориши хоҷагони худ ба ташвиқу таргиб ва паҳн намудани мазҳабу фарҳанги ба миллати тоҷик бегона машғул мешаванд”, гуфт вай.
Володин: хатари террористӣ дар ҷануби Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Дар навбати худ, Адиба Мамадова, сардори маркази саломатии №1-и шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи мардуми кишвар ин пешгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб буда, ва дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои ҷинояткорӣ сокинон бетарафӣ накунанд ва бо мақомоти марбута ҳамкорӣ намоянд.