Раҳмон дар Талхоби Данғара мактаби нав ифтитоҳ кард

Бинои муассисаи таҳсилоти аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона, ва барои 528 нафар хонанда дар ду баст мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Имрӯз, 12 июл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ҳамчунин бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Президент.

Баҳои баланди Раҳмон ба Давлатов, ки ҳаҷ нарафту маркази хизматрасонӣ сохт

Манбаъ афзудааст, ки бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ мебошад ва барои 528 нафар хонанда дар ду баст мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст.

Зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои ин бинои нави таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 оғоз гардида буд ва инак қабл аз муҳлат иншоот мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони мактаби нав дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари мамлакат дар самти рушди деҳоти дурдаст сохта шудааст ва дар ҷараёни корҳои бунёдӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳу беморхона ифтитоҳ кард, ки соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карданд

Бинои нави ин даргоҳи илму маърифат дар заминаи иморати қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, ки соли 1987 барои 90 нафар хонанда аз ҷониби аҳолии ин деҳа бо тариқи ҳашар бунёд шуда буд, сохта шудааст.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои асосии мактаби нав барои аҳолии 840-нафараи деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи бошукӯҳ аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд дониста мешавад.

Феълан корҳои сохтмонӣ дар бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, ки толори маҷлис барои 100 нафар, толори варзишӣ барои 128 ҷойи нишаст ва ошхона барои 28 нафарро дар бар мегирад, идома дорад.