Муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе

Давоми ду соли оянда сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дирӯз, 11 июл дар Қасри миллат бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ додааст агентии "Ховар".

Раҳмон дар Норак ба сохтмони меҳмонхона оғоз бахшиду коргоҳи нав ифтитоҳ кард

Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Як гуруҳ соҳибкорони бонангу номуси кишвар иқдом гирифтанд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон, дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба хотири мусоидат кардан ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва тарҳи миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ бунёд намоянд.

Ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.

Соҳибкоре дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхона бунёд кард

Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз ҳуҷраҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зарурӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, тиббӣ, ҳаммом, толори синамо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷҷаҳаз мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тайи солҳои охир симои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он ба ифтихори ҷашну идҳои миллию давлатӣ, аз қабили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст.

Мувофиқи иттилоъи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Дар Мурғоб меҳмонхона ва осорхонаи нав бунёд мекунанд

Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи 9 меҳмонхонаи нав Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоиста ва сазовори сокинони пойтахт, соҳибкорони ватандӯст баҳри ободонии пойтахти кишвар баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, аз ҳозир тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гушаҳои фуруши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бо ин васила мо метавонем, бори дигар фарҳанги баланди тамаддунофарии миллатамон, неъматҳои моддӣ ва маънавии сарзамини аҷдодиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.